Гардиши тиҷории 1.5 миллиарддолларии Қазоқистон бо Иттиҳодияи Авруосиё
Идораи миллии омори Қазоқистон дар гузорише аз гардиши 1.5 миллиарддолларии ин кишвар ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Авруосиё хабар дод.
Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё дар таърихи якуми январи соли 2010 эҷод шуд . Кишварҳои муассиси он Беларус, Русия ва Қазоқистон буданд ва дар дувуми январи соли 2015 Арманистон низ ба он изофа шуд. Қирғизистон низ дар шашуми августи 2015 ба ин иттиҳодияи иқтисодӣ пайваст.
Ба гузориши хабаргузории Форс аз Остона, бинобар эъломи идораи миллии омори Қазоқистон дар моҳҳои январ то июлои соли ҷорӣ гардиши тиҷории ин кишвар бо кишварҳои Авруосиё дар ҳудуди 1 миллиард 652 миллион доллар буда ва гардиши молии ду тараф нисбат ба соли гузаштаи 5.6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Бештарин саҳм дар содироти Қазоқистон ба кишварҳои Авруосиё марбут ба мошинолот, таҷҳизот, васоили нақлия, абзоролот ва дастгоҳҳо аст. Дар кулли ҳаҷми мубодилоти тиҷории хориҷии Қазоқистон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Авруосиё, Арманистон 0.1 дарсад, Беларус 3.3, Қирғизистон 4.6 ва федерасиюни Русия 92 дарсадро ба худ ихтисос додааст.