Дидори мақомоти Туркманистону Афғонистон
(last modified Sat, 23 Sep 2023 07:43:14 GMT )
Сентябр 23, 2023 12:43 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Туркманистону Афғонистон

Раиси бахши пружаи барқи Трансафғони вазорати энержии Туркманистон ва сарпарасти Вазорати энержӣ ва манобеи оби давлати Толибон иҷрои пружаи интиқоли барқи ТАП ( Туркманистон - Афғонистон - Покистон )-ро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мурод Ортиқов-раиси бахши пружаи барқи Трансафғони вазорати энержии Туркманистон бо  мулло Абдуллатиф Мансур, сарпарасти Вазорати энержӣ ва манобеи оби давлати Толибон дидор кард.
Дар ин дидор, ки дар хоки Афғонистон баргузор шуд, масоили пружаи интиқоли барқи ТАП ( Туркманистон - Афғонистон - Покистон ) мавриди баҳсу баррасии ду тараф қарор гирифт.
Дар ин мулоқот масоили марбут ба навсозии истгоҳи барқи « Нурулҷиҳод », воқеъ дар Ҳирот матраҳ ва бар лузӯми баргузории нишасти сеҷониба барои баррасии пружаи ТАП бо ҳадафи такмили фаврии он таъкид шуд .
Тарафи туркман аз пешниҳоди созмондеҳии нишасти сеҷониба ҳимоят ва сарпарасти Вазорати энержӣ ва манобеи оби Афғонистонро дар мавриди идомаи ҳамкорӣ дар ин росто, ҳимоят кард.
Дар бахши дигар ҳамчунин содироти барқи Туркманистон ба Афғонистон дар соли 2024 баррасӣ шуд.