Сентябр 26, 2023 10:19 Asia/Dushanbe
  • Толибон ҳамчунон ба дунболи курсии Афғонистон дар Созмони Миллал

Толибони Афғонистон ҳамзамон бо баргузории нишастҳои маҷмаъи умумии Созмони Миллал бори дигар хостори супурдани курсии Афғонистон дар ин ниҳод ба ҳукӯмати Кобул шуд.

Ҳукӯмати Толибон бо вуҷуди гузашти ду сол аз қудрат гирифтани дубора дар Афғонистон ҳануз аз сӯи кишварҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ ба расмият шинохта нашудааст. Мухолифат бо ташкили ҳукӯмати фарогир, мухолифат бо таҳсили духтарон ва мухолифат бо кори занон аз муҳимтарин далоили мухолифати ҷаҳонӣ бо Толибон аст .Дар ҳоле ки ҳафтоду ҳаштумин нишасти маҷмаъи умумии СММ ҳамчунон дар ҷараён аст, ҳукӯмати Толибони Афғонистон бори дигар хостори ҳузури намояндаи худ дар ин курсӣ шуд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯи Толибон зимни мухолифат бо тадовуми ҳузури намояндаи давлати Ашрафғанӣ дар ин курсӣ гуфт : Акнун ки ҳуқуқи мардуми Афғонистон ба як шахс гиреҳ хурдаву курсӣ ба шахсе дода шуда, ки на намояндаи як шахс аст на аз як низом намояндагӣ мекунад ; бинобарин тадовуми ин вазъият ҷафои бузурге ба Созмони Миллал низ ҳаст.
Муҷоҳид афзуд : СММ бо ин кор шахсият ва тамоми раванди кории худро зери суол бурда ва ба ҳамин далел ҳукӯмати мустақар дар Кобул мехоҳад, ки ҳар чи зудтар ин курсӣ ба афғонҳо вогузор шавад.

 

Барчасп