Сентябр 28, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  •  Самарқанд,пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2025

Вазорати фарҳанги Узбекистон эълом кард шаҳри Самарқанд ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2025 интихоб шуд.

Дар ин сол мероси фарҳангии яке аз қадимитарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш дар ҷаҳони Ислом муаррифӣ хоҳад шуд.
Вазъияти ҷадиди ин шаҳр дар дувоздаҳумин конфаронси вазирони фарҳанги ҷаҳони Ислом, ки дар Қатар баргузор шуд, ба тасвиб расид.
Раиси ҳайати Узбекистонӣ дар ин сафар Озодбек Назарбеков-вазири фарҳанги ин кишвар буд.
Вай гуфт : Ин мавқеъият ба мо ин фурсатро медиҳад то як бори дигар мероси фарҳангии худро ба ҷаҳониён нишон диҳем.
Пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом дар соли 2024 шаҳри Шуша дар минтақаи Қарабоғи Озарбойҷон хоҳад буд.

 

Барчасп