Таъкиди Эрону Узбекистон бар густариши ҳамкориҳои синамоӣ
(last modified Sat, 30 Sep 2023 12:54:46 GMT )
Сентябр 30, 2023 17:54 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Узбекистон бар густариши ҳамкориҳои синамоӣ

Раиси Созмони синамои Эрон ва вазири фарҳанги Узбекистон бар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва синамоии дуҷониба таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммади Хазоъӣ раиси Созмони синамои Эрон дар дидори Озодбек Назарбеков, вазири фарҳанги Узбекистон дар Тошканд, гуфт, дар нақшаи ҷадиди Созмони синамои Эрон, таваҷҷуҳи бештар ба кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва нигоҳ ба Шарқ маддиназар аст.

Вай афзуд, дар байни кишварҳои ҳавзаи фарҳангӣ - сиёсии Осиёи Марказӣ, Узбекистон яке аз муҳимтарин кишварҳое аст, ки ба далели иштирокоти таърихӣ, решаҳои забонӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ барои Эрон дар барномарезии ҳавзаи байналмилали синамо ҳоизи аҳаммияти бештаре аст.

Раиси Созмони синамои Эрон таъкид кард, Эрон омодагии ҳамкорӣ дар заминаи баргузории ҳафтаҳои филм, арзаи мутақобили осор, тавлидоти муштарак ва ғайраро бо Узбекистон дорад.

Вазири фарҳанги Узбекистон ҳам дар ин дидор бо изҳори хурсандӣ аз ҳузури ҳайати эронӣ дар Узбекистон изҳор кард, Эрону Узбекистон ду пойтахти тамаддунии муҳими ҷаҳони ислом ҳастанду тасаввури ҷаҳони ислом бидуни мазоҳири тамаддунии ин ду кишвар ғайри мумкин аст.

Озодбек Назарбеков афзуд, ҳамкориҳои Эрону Узбекистон дар заминаи фарҳанг ва ба таври вижа дар ҳавзаи синамо бисёр муҳим ва муассир аст.