Октябр 06, 2023 19:25 Asia/Dushanbe
  • Бародархондагии шаҳрҳои Ҳамадону Бухоро бо ҳадафи афзоиши таомулоту табодулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ
    Бародархондагии шаҳрҳои Ҳамадону Бухоро бо ҳадафи афзоиши таомулоту табодулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ

Тафоҳумномаи бародархондагӣ миёни шаҳрҳои Ҳамадони Эрон ва Бухорои Узбакистон ба манзури иртиқои таомулоти фарҳангиву иқтисодӣ имзо шуд.

Ба гузориши ИРНА, Алиризо Қосимии Фарзод, устондори Ҳамадон гуфт, бародархондагии шаҳрҳои Ҳамадону Бухоро бо ҳадафи афзоиши таомулоту табодулоти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ ба имзои вузарои умури хориҷаи Эрон ва Узбакистон расид.

Устондори Ҳамадони Эрон хотирнишон кард, ин тафоҳумнома бо эъзоми ҳайатҳои тиҷории тарафайн ба зудӣ иҷро хоҳад шуд ва бидуни шак дар барқарории муносибот миёни ду тараф дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла бозаргонӣ, гардишгарӣ ва мабоҳиси фарҳангӣ муассир воқеъ хоҳад шуд.

Ҳамадон яке аз мақсадҳои муҳими гардишгарӣ дар ғарби Эрон аст. Ин устони таърихиву тамаддунии Эрон бо ҷозибаҳои мутанаввеи гардишгарӣ ва тавлидкунандаи саноеъи дастии фохире монанди суфоли Лолаҷин ва мунаббати Малойир, шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад.

 

Барчасп