Декабр 29, 2016 17:35 Asia/Dushanbe
  • Боздошти раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон

Дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти раиси собиқ ва ду мақоми аршади ин кумита хабар дод.

Ба гузориши манбаъ, Нортой Дутбоев, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии ин кишвар ба иттиҳоми ифшои сирри давлатӣ ва сӯистифода аз мақоми худ боздошт шуд. Дутбоев ҳамроҳи Ҳасен Нурлан ва Ерлан Нуртаев, ду тан аз мақомоти аршади амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 26 декабр боздошт шуданд, ки пас аз бозрасӣ аз хонаҳои онон теъдоде аз санадҳои маҳрамона кашфу забт шудааст.  Дар ҳоли ҳозир ин афрод дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳастанд.

Нортой Дутбоев аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи феврали соли 2006 ба унвони раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон фаъолият мекард. Ӯ пас аз даст доштани кормандони ин кумита дар қатли Олтинбек Сарсинбоев, раҳбари мухолифони Қазоқистон истеъфо дод.