Октябр 13, 2023 21:21 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон
    Мулоқоти раисҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти Шӯрои сарони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар Бишкек бо Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дидору гуфтугӯ кард.

Масоили марзӣ яке аз мавзӯоти аслии дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов буд.

Раҳмон ва Ҷабборов дар мавриди масоили ҷории ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон, масоили марбут ба таъйини ҳудуди навоҳии марзии ду кишвар ройзанӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов омодагии худро барои гуфтугӯи бозу ҳамаҷониба дар ҳамаи заминаҳои ҳамкории дуҷониба эълом карданд.

 

Барчасп