Октябр 19, 2023 10:23 Asia/Dushanbe
  • Маҳкӯмияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ аз сӯйи Қирғизистон
    Маҳкӯмияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ аз сӯйи Қирғизистон

Қирғизистон ҳамлаи саҳюнастҳо ба бемористони Ал-Маъмадонӣ дар Ғаззаро маҳкӯм кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс,  Вазорати умӯри хориҷаи Қирғизистон имрӯз чаҳоршанбе бо судури баёнияе.  ҳамлаи низомии режими саҳюнистии Исроил ба бемористони Ал-Маъмадонӣ  дар навори Ғаззаро,  ки ба шаҳодати даст кам 500 ғайринизомии фаластинӣ анҷомид,  ба шиддат маҳкӯм кард.

Дастгоҳи дипломасии Қирғизистон дар идомаи ин баёния, хостори баррасии ҳамаҷонибаи нақзи қавонини байналмиллалӣ ва  башардӯстона шуд.

Ҳамлаи режими саҳюнистии Исроил ба бемористон вокуниши кишварҳо,   сиёсатмадорон ва  миллатҳои ҷаҳонро ба дунбол доштааст.

Дар ин баёния омадааст: "Мо бар аҳамияти риояти усӯл ва ҳанҷорҳои ҳуқуқи башардӯстонаи байналмиллалӣ,  ки ҳифозат аз ғайринизомиён ва  зерсохтҳои ғайринизомиро фароҳам мекунад, таъкид мекунем.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон ҳамчунин хостори таҳкими талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҳали мусолиматомези муноқишаи Исроил ва  Фаластин бар асоси қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал шуд.

Барчасп