Октябр 19, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • Парки илму фанноварӣ бо мушорикати Узбекистону Эрон дар Самарқанд роҳандозӣ мешавад

Муовини илмӣ, фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт : Парки илму фанноварӣ бо мушорикати Узбекистону Эрон дар шаҳри Самарқанд роҳандозӣ мешавад.

Ба гузориши ИРНА,Рӯҳуллоҳи Деҳқонӣ дар ҳошияи дидор бо вазири улӯм, омӯзиши олӣ ва навоварии Узбекистон дар Тошканд афзуд : Парки илму фанноварӣ бо мушорикати ду кишвар ва сармоягузории бахши хусӯсӣ дар шаҳри Самарқанд бо ҳузури маҷмӯъаҳои донишбунён ва касб ва корҳои навпо ( стартопҳо ) роҳандозӣ мешавад .

Муовини илмии фанноварӣ ва иқтисоди донишбунёни раиси ҷумҳурии Эрон бо баёни инки мароҳили муқаддамотӣ ва ройзаниҳо миёни ду кишвар барои роҳандозии парки фанноварӣ то ду моҳи оянда оғоз мешавад, таъкид кард : Эрону Узбекистон мулзам ба фароҳам кардани зерсохтҳо ва илзомоти ин парк хоҳанд буд. Иброҳим Абдурраҳмонов-вазири улӯм, омӯзиши олӣ ва навоварии Узбекистон бо истиқбол аз пешниҳоди Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Барои ҳамкорӣ дар ин замина омодагии комил вуҷуд дорад.
 

Барчасп