Ирсоли таҷҳизоти доруӣ барои зилзилазадагони Афғонистон
(last modified Tue, 24 Oct 2023 05:22:57 GMT )
Октябр 24, 2023 10:22 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли таҷҳизоти доруӣ барои зилзилазадагони Афғонистон

Сандӯқи ҳимоят аз кӯдакони СММ( ЮНИСЕФ) аз ирсоли беш аз 80 тон таҷҳизоти дармонӣ ва доруӣ барои кумак ба зилзилазадагони Ҳирот дар ғарби Афғонистон хабар дод.

Вилояти Ҳирот дар ғарби Афғонистон аз ҳафтуми октябр чандин бор бо зилзила ва пасларзаҳои қавӣ рӯбарӯ шудааст. Заминларзаҳои пай дар пай осебҳои густардаи ҷонӣ ва молӣ барои сокинони ин вилоят дар Афғонистон дар пай доштааст. Созмони Миллал занону духтарони афғонро аслитарин қурбониёни ин фоҷеъаи табиӣ муаррифӣ кардааст.
Ба гузориши Садои Хуросон, ЮНИСЕФ рӯзи душанбе эълом кард беш аз 80 тон таҷҳизоти дармонӣ ва доруӣ аз анбори ин ниҳод дар Аврупо барои кумак ба зилзилазадагон дар Ҳирот ба Кобул мунтақил шудааст.
Бар асоси эъломияи мунташиршуда тавассути ЮНИСЕФ ин кумакҳо шомили дору ва таҷҳизоти ҷарроҳӣ барои занони бордор ва кӯдакон аст.
ЮНИСЕФ афзуд : Буҷети ин кумаки пизишкӣ тавассути Бонки тавсеаи Осиё таъмин шудааст ва 43 ҳазор хонаводаи осебдида аз ин кумакҳо истифода хоҳанд кард.