Октябр 27, 2023 16:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷаласаи СҲШ таҳти раёсати нахуствазири Қирғизистон баргузор шуд
    Ҷаласаи СҲШ таҳти раёсати нахуствазири Қирғизистон баргузор шуд

Дар Бишкек таҳти раёсати Қирғизистон ҷаласаи 22-юми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Хуросон, ба нақл аз хабарнигори "Форс" дар Бишкек, 22-умин нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай таҳти раёсати Қирғизистон баргузор шуд.

Дар ин нишаст нахуствазири Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммади Мухбир, нахуствазири Белорус Роман Голоченко, нахуствазири Қазоқистон, Алихон Исмоилов, нахуствазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кианг, нахуствазири Муғулистон Лувсаннамсарайн Оюн Ардан, сарвазири Русия Михаил Мишустин, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, нахуствазири Узбакистон Абдулло Орифов, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Ҳоҷимурат Гелдӣ Муродов, вазири хориҷаи Ҳинд Субраҳманям Ҷайшанкар ва Ҷалил Аббос Ҷелонӣ, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурии исломии Покистон ҳузур доштанд. 

Ин ҷаласа таҳти раёсати нахуствазири Қирғизистон баргузор шуд.

Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як созмони байналмилалии доимии байнидавлатӣ мебошад, ки таъсисаш 15 июни соли 2001 дар Шанхай аз ҷониби Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон эълом шудааст. Дар ҳоли ҳозир ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шомили 9 кишвари узв: Ҳинд, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Чин, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон, Русия ва Узбакистон аст.

Афғонистон, Беларус ва Муғулистон узви ин созмон буда, мақоми нозир доранд. Соли 2022 дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд раванди боло бурдани мақоми Беларус дар ин созмон ба сатҳи як кишвари узв оғоз шуд.

Барчасп