Октябр 28, 2023 19:31 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нахустин нишасти Шӯрои порлумонии Қазоқистону Узбекистон дар Тошканд

Шӯрои порлумонии Қазоқистону Узбекистон дар хусӯси тавсеаи ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ тавофуқ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, аввалин нишасти Шӯрои байни порлумонии Қазоқистону Узбекистон дар шаҳри Тошканд, пойтахти ин кишвар баргузор шуд.

Намояндагони порлумони ду кишвар дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона ва масоили дипломасии об тавофуқ карданд.

Ин тасмим дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон ба Остона дар декабри 2021 иттихоз шуд.

Ерлан Кошанов, раиси порлумон дар ин нишаст гуфт, Узбекистон бузургтарин шарики иқтисодии Қазоқистон дар минтақа буда, ки беш аз 62/5 дарсад аз кулли мубодилоти тиҷорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба худ ихтисос додааст.

Ерлан Кошанов афзуд, дар поёни соли 2022 , гардиши тиҷорӣ байни Узбекистону Қазоқистон ба рекорди панҷ миллиарддолларӣ расид, ки тарафайн пас аз он расидан ба сатҳи 10 миллиарддоллариро дар назар гирифтанд.

 

Барчасп