Афзоиши талафоти ҳодиса дар маъдани Қазоқистон ба 45 нафар
(last modified Mon, 30 Oct 2023 07:49:23 GMT )
Октябр 30, 2023 12:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши талафоти ҳодиса дар маъдани Қазоқистон ба 45 нафар

Талафоти инфиҷори маъдан дар Қазоқистон афзоиш ёфт ва ба 45 нафар расид.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, амалиёти ҷустуҷӯ барои ёфтан аҷсоди қурбониёни инфиҷор дар маъдани "АрселорМиттал Темиртау" идома дорад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ҳамчунон чаҳор нафар дар пайи ҳодисаи инфиҷор дар маъдани Костенко мафқуд ҳастанд.

"АрселорМиттал Темиртау" паймонкори ин маъдан эълом кард, 206 маъданчӣ аз 252 нафар пас аз инфиҷори гази метан дар шабонгоҳи рӯзи ҷумъа тахлия шуданд.

Инфиҷори ахир, маргбортарин ҳодиса аз ин даст дар таърихи Қазоқистон унвон мешавад.

Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон пас аз ин ҳодиса, дар иқдоме фаврӣ дастури таълиқи ҳамкориҳои давлатӣ бо оператори ин маъданро содир кард. Таҳқиқот барои равшан шудани иллати ин ҳодиса низ оғоз шудааст.

"АрселорМиттал Темиртау" як ширкати чанд миллиятии фаъол дар замина фулод аст, ки раёсати ҳайати мудираи онро як ҳиндӣ бар ӯҳда дорад.

Бештар бихонед: