Тошканд мизбони 16-умин нишасти сарони ЭКО
(last modified Mon, 06 Nov 2023 12:09:15 GMT )
Ноябр 06, 2023 17:09 Asia/Dushanbe
  • Тошканд мизбони 16-умин нишасти сарони ЭКО

Шонздаҳумин нишасти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО ) ҳаштуми ноябр ба раёсати Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ як созмони минтақаии байни давлатии иқтисодӣ аст ва дар соли 1985 бо дабирхонаи доимӣ дар шаҳири Теҳрон эҷод шудааст. Эрон, Покистон, Туркия, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон аъзои ин созмон ҳастанд. Ҳафт кишвари Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистону Узбекистон дар соли 1992 ба таври довталабона ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ пайвастанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, барномарезӣ шудааст дар ин нишасти ду рӯза сарони кишварҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистону Туркия ҳузур пайдо кунанд.

Дар ин нишаст густариши беш аз пеши ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлиу нақл, иртибототу башардустона дар чорчуби ЭКО ва ҳамчунин такомули фаъолияти ин сохтори чандҷониба баррасӣ хоҳад шуд.

Дар чорчуби ин нишаст, раиси ҷумҳури Узбекистон чанд дидори дуҷониба баргузор хоҳад кард.

Бештар бихонед: