Кумаки молии Олмон ба бахши омузиш ва беҳдошти Узбекистон
Мақомоти Узбекистон ва банки рушди Олмон "KfW" дар шаҳри Тошканд барои эътои кумаки молии ройгон ба арзиши 16 миллион евра қарордод имзо карданд.
KfW "Kreditanstalt fürи Wiederaufbau" як банки рушди олмонӣ аст ки дар соли 1948 милодӣ эҷод шуда аст ҳадафи аслии ин банк таъмини молии таррҳои мабни бар рушди иқтисод Олмон аст. KfW ҳамчунин ба унвони як банки давлатӣ аз тарҳҳо байналмилалӣ дар ҳавзаи рушди пойдор ҳимоят мекунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар дидори Витолис Ритер мудири аршади бозорёбии банки рушди Олмон KfW ва Лазиз Қудратов вазири сармоягузорӣ, санъату тиҷорати Узбекистон қарордоди ба арзиши 16 миллион евраи ройгон билоиваз имзо шуд.
14 миллион евра аз ин маблағ ба омӯзиши ҳирфаи, сохтусоз, таъмир ва таҷҳизи марокизи иштиғоли Узбекистон ихтисос хоҳад ёфт. Ду миллион евра ҳам барои ҳимоят аз кулли тарҳ масраф хоҳад шуд.