Ҳимояти ЭКО аз Узбакистон дар мубориза бо тӯфонҳо
-
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО)
Муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар дидори вазири муҳити зисти Узбакистон аз ҳимояти ин созмон аз Тошканд дар мубориза бо тӯфонҳои шину гарду ғубор хабар дод.
Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) як созмони минтақаии байнидавлатӣ аст ва дар соли 1985 мелодӣ бо дабирхонаи доимӣ дар шаҳри Теҳрон эҷод шудааст.
Эрон, Покистон, Туркия, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон аъзои ЭКО ҳастанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Тошканд, Азиз Абдулҳакимов, вазири муҳити зисти Узбакистон дар чорчӯби бистуякумин нишасти иҷроии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо биёбонзоӣ, бо Ҳусайн Овини Бичокли, муовини дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дидор кард.
Бичокли дар ин дидор аз давлати Узбакистон барои баргузории муваффақиятомези шонздаҳумин нишасти сарони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ рӯзҳои ҳаштуму нуҳуми ноябри 2023 мелодӣ дар Тошканд қадрдонӣ кард.