Таъкиди раиси ҷумҳурии Туркманистон бар афзоиши ҳамкории тиҷорӣ бо Эрон
(last modified Fri, 17 Nov 2023 13:29:03 GMT )
Ноябр 17, 2023 18:29 Asia/Dushanbe
  • Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон
    Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон

Раиси ҷумҳурии Туркманистон дар паёме ба ширкаткунандагони Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ, хостори афзоиши тиҷорати дуҷониба бо Ҷумҳурии исломии Эрон шуд.

Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ бо номи “Пружаи эронӣ” имрӯз - ҷумъа дар Туркманистон оғоз ба кор кард ва то рӯзи якшанбе идома меёбад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” аз Душанбе, Сардор Бердимуҳаммедов, раиси ҷумҳурии Туркманистон бо ирсоли паёме ба ширкаткунандагони намоишгоҳи тахассусии “Эрон пружа” ва маҷмаи тиҷории Туркманистону Эрон, бар тавсеаи ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, эҷоди қолабҳои ҷадиди таомулу иҷрои пружаҳои муштарак дар заминаҳои умедворкунанда таъкид кард.

Бердимуҳаммедов ба чашмандозҳое, ки дар мушорикат бо Эрон, ба вижа дар ҳавзаи таомул дар имтидоди хати рейлии «Қазоқистон - Туркманистон - Эрон» боз мешавад, ишора карду гуфт: Пружаҳои иқтисодии маҳофили тиҷории Туркманистону Эрон аз ҷумлаи тарҳҳое ки дар ҳошияи маҷмаи ояндаи тиҷорӣ ироа хоҳанд шуд, нақши вижаеро дар амри тақвияти равобити байни ду кишвар ифо хоҳанд кард.

Намоишгоҳи тахассусии мазкур имрӯз дар маҳалли утоқи бозаргонӣ ва саноати Туркманистон оғоз шуд ва то 19 ноябр идома дорад.