Суқӯти болгарди вазорати дифои Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i109200-Суқӯти_болгарди_вазорати_дифои_Узбекистон
Болгарди “Mi – 8” мутаъаллиқ ба нерӯи ҳавоии Узбекистони суқӯт карду тамоми хадама ҷони худро аз даст доданд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 18, 2023 18:35 Asia/Dushanbe
  • Суқӯти болгарди вазорати дифои Узбекистон

Болгарди “Mi – 8” мутаъаллиқ ба нерӯи ҳавоии Узбекистони суқӯт карду тамоми хадама ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ин болгард ба фармондеҳии падофанди ҳавоӣ ва нерӯи ҳавоии Узбекистон таъаллуқ дошту ҳангоми анҷоми парвози омӯзишӣ дар пойгоҳи омӯзишии «Катта-Қурғон»-и устони Самарқанд суқӯт кард.

Вазорати дифои Узбекистони суқӯти ин болгарди низомӣ дар соати 20: 5 дақиқаи дирӯз (ҷумъа 17 ноябр)-ро таъйид кардааст.

Дар гузоришҳо ба теъдоди сарнишинони болгард ишорае нашудааст.

Камиссиони вижае барои таъйини илали вуқуъи сониҳа дар маҳали ҳодиса ташкил шудааст.