Ноябр 19, 2023 12:30 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Қирғизистон ва Банки Ҷаҳонӣ
    Дидори мақомоти Қирғизистон ва Банки Ҷаҳонӣ

Муовини нахусти вазири Қирғизистон ва раиси тими Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши энергетикаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар мавриди энергетика, оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ гуфтгу карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Бокит Турубоев муовини нахусти вазири Қирғизистон имруз шанбе дар Бишкек бо Истифон Гил раиси гуруҳи Банки Ҷаҳонӣ дар бахши энергетикаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ дидор кард.

Дар ин дидори намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ тарафи қирғӣзро дар ҷараёни истиротижии ҷадиди мушорикат бо ин кишвар дар ҳавзаи энергетика, оби ошомиданӣ, кишоварзӣ барои солҳои 2024-2028 қарор доданд.

Аъзои ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳимояти молӣ аз сохт неругоҳи барқи обӣ Қанбар Отаи 1 ибрози тамоюл ва таъкид карданд илова бар ин ҳимоят барои ҷалби назари сармоягузорон ба манзури мушорикат дар ин тарҳ низ талош хоҳанд кард.

Истифони Гил ва ҳайати ҳамроҳаш аз як тарҳи озмоишии 400 миллион долларӣ дар заминаи таъмини оби ошомиданӣ дар Қирғизистон хабар доданд ва эълом карданд Банки Ҷаҳони 100 милион доллар аз ин буҷетро таъмин хоҳад кард.

Бокит Турубоев муовини нахусти вазири Қирғизистон низ аз ҳамкорӣ ва нақши Бонки Ҷаҳонӣ дар иҷрои тарҳҳои тазминкунандаи рушди пойдор дар ин  кишвар тақдир кард.

Барчасп