Дардисари муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар маросими арӯсӣ + ВИДЕО
(last modified Fri, 24 Nov 2023 15:22:14 GMT )
Ноябр 24, 2023 20:22 Asia/Dushanbe

Нисф шудани аҷиби як рустои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ғавғо ба по кард!

Ҳудуди 300 километр аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон мавриди муноқиша боқӣ мондааст. Аммо як завҷ умедворанд, ки ишқ тавоноии пур кардани ин шикофро дошта бошад.

Ба гузориши “Фарорӯ”, баргузории маросими арӯсӣ дар як рустои марзӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон чолишҳои ношӣ аз муноқишаи мудовим байни ду кишвари Осиёи Марказиро барҷаста кардааст.

Ин маросим дар хати марзии Қирғизистон баргузор шуд, аммо бастагони модарии арӯс, ки аз Тоҷикистон ҳастанд, ба далели мамнуиятҳои сафар дар он ҳузур надоштанд.

Ҷавлонбек Қозибоев ва Зилола Мирбобоева дар 30 октябр дар Қирғизистон издивоҷ карданд. Сипас барои дарёфти дуои хайри бастагони Мирбобоева ба самти марзи Қирғизистон - Тоҷикистон рафтанд. Домод гуфт: “Як фосилаи панҷметрӣ ҷода дуруст рӯ ба рӯи мо буд. Ҳамсарам мехост аз ҷода убур кунад, аммо дасташро гирифтам ва ӯро мутаваққиф кардам”.

Рустои онҳо тавассути ҷодае ҷудо шуда, ки ба унвони хати марзӣ амал мекунад. Ҷавлонбек гуфт: “Ману ҳамсарам ҳар ду дар ин русто ба дунё омадаву бузург шудем. Хонаводаи модарии ҳамсарам аҳли Тоҷикистон ҳастанд ва ба хотири баста будани марзҳо модарбузурги ҳамсарам он тарафи ҷодаи истод ва барои мо орзӯи хушбахтӣ кард.

Марзҳои ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон аз баҳори соли 2021 дар пайи даргирии мусаллаҳона баста шудааст.

Авазбек Канорбоев, раиси деҳа гуфт: Наметавонем якдигарро мулоқот кунем, тамоми ҷашнҳо дар ҳамон шароите баргузор мешаванд, ки шумо шоҳид будед. Мардум мехоҳанд ҳамаи масоил ҳал ва марзҳо боз шаванд.

Ҳудуди 300 километр аз марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон мавриди муноқиша боқӣ мондааст. Аммо ин завҷ умедворанд ки ишқ тавоноии пур кардани ин шикофро дошта бошад.