Ашқобод мизбони намоишгоҳи байналмилалӣ Агрупоки Туркманистон-2023
(last modified Mon, 27 Nov 2023 16:43:49 GMT )
Ноябр 27, 2023 21:43 Asia/Dushanbe
  • Ашқобод мизбони намоишгоҳи байналмилалӣ Агрупоки Туркманистон-2023
    Ашқобод мизбони намоишгоҳи байналмилалӣ Агрупоки Туркманистон-2023

Намоишгоҳи байналмилалии маводи ғизоӣ, бастабанди ва маҳсулоти кишоварзӣ рузҳои 28–30 ноябр дар Ашқободи Туркманистон барпо мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз душанбе намоишгоҳи байналмилалӣ бо ном Агрупоки Туркманистон-2023 дар 3 рузи охири моҳи ноябр рӯзҳои 28, 29 ва 30 дар Ашқобод баргузор мешавад ин намоишгоҳи байналмилалии тавассути утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Туркманистон ва ширкати Сувори Туркияи созмондиҳи шуда аст.

Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ маҳсулот ва хадамоти ширкатҳои аз кишварҳои мухталиф аз ҷумлаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Олмон, Чин, Молдова, Узбекистон, Туркия, Ҳоланд ва Русияи ғурфаҳои вижаи худро ифтитоҳ хоҳанд кард.

Бар асоси ин гузориш ширкат кунандагон метавонанд дар ҷараёни ин намоишгоҳ бо анвоъи бастабандӣ, маҳсулоти ғизоӣ ва мукаммилҳои ғизоӣ фанноварии тавлиди маҳсулоти нонвоӣ, таҷҳизоти нигаҳдорӣ ва осиёби ғаллот, вижагиҳои кишти гулхонӣ, таҷҳизоти мурғдорӣ ва домпарварӣ, маҳсулоти кишоварзӣ нуриҳои менерали ва системаҳои обёрӣ ошно шаванд.