Бишкек, мизбони нишасти муовинони вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ
Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ дар Бишкек бо ҳузури бархе мақомоти созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд.
Дар нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи марказӣ, Ҷиенбек Қулубоев-вазири умури хориҷаи Қирғизистон, Кахе Имандзе-намояндаи вежаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид дар умури Осиёи марказӣ, Роза Отамбоева-намояндаи вежаи дабири кулли СММ дар умури Афғонистон ва раиси маъмурияти кумак ба Афғонистон ва намояндагони дабирхонаи ин созмон дар Нию-Йорк ҳузур доштанд.
Ҳадафи ин нишаст табодули назар дар бораи рӯйдодҳо ва равандҳои муассир бар сулҳ ва амният дар Осиёи марказӣ буд. Ба гузориши хабаргузории Форс, Қулубоев дар суханронии худ хотирнишон кард, рӯйдодҳое дар равобити байналмилал дар ҳоли вуқӯъ аст, ки паёмадҳои дарозмуддате барои минтақаи Осиёи марказӣ хоҳад дошт.
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон гуфт, ҳамаи кишварҳои Осиёи марказӣ дарки равшане аз ба ҳам пайвастагии сарнавишти худ доранд ва барои гуфтугӯи сиёси мудовим ва афзоиши ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва амниятӣ тамоюли мутақобил доранд.
Вазъияти Афғонистон, дигар меҳвари суханронии ӯ буд.
Вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо ишора ба аҳамияти барқарории сулҳу субот дар Афғонистон барои таъмини амният ва рифоҳи минтақа, аз кишварҳои Осиёи марказӣ хост то таомул ва ҳамоҳангиро дар ин замина афзоиш диҳанд.