Эъломи ҳолати изтирории масрафи об дар Узбекистон
(last modified Sat, 02 Dec 2023 15:16:38 GMT )
Декабр 02, 2023 20:16 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҳолати изтирории масрафи об дар Узбекистон

Раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, ки аз ибтидои соли ояндаи милодӣ  дар кишвараш давраи гузор ба ҳолати изтирорӣ барои сарфаҷӯӣ дар масрафи об эълом хоҳад шуд.

ИРНА дар гузорише ба нақл аз хабаргузории Фарғона овардааст, ки Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон гуфт, дар натиҷаи ҳадаррафти об, иқтисоди ин кишвар солона панҷ миллиарддоллар зарар мекунад ва ин дар ҳоле аст, ки танҳо 20 дарсад аз манобеи обии Узбекистон дар дохили кишвару бақия дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя воқеъ шудааст.

Мирзиёев афзуд, буҳрони об ба далели мушкилот дар мудирияти манобеи фаромарзӣ ва ҳамчунин коҳиши онҳо ношӣ аз тағийроти обу ҳавоӣ ташдид шудааст.

Камбуди об дар ояндаи наздик танҳо бахше аз мушкилот дар Осиё Марказӣ аст. Мушкилоти камбуди об барои кишоварзӣ ва низ олӯдагии оби Омударё ва Сирдарё, ба хотири сатҳи болои намаку маводи шимиёии ношӣ аз оби масрафӣ дар кишоварзиро шомил мешавад, ки дар натиҷа Осиёи Марказӣ шоҳиди як буҳрони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақае, ки дар поиндасти ин ду руд қарор доранд ва низ коҳиши кайфияти зиндагӣ дар ин навоҳӣ хоҳад буд. Чаро ки ҷамъият бо камбуди об рӯ барӯ мешавад ва маҷбур хоҳад шуд оберо масраф кунад, ки намаки зиёде дорад.