Январ 01, 2017 13:27 Asia/Dushanbe
  • Раисиҷумҳури Узбакистон соли 2017-ро чӣ номид?

Раисиҷумҳури Узбакистон соли 2017 мелодиро соли “Гуфтугӯ бо мардум ва манофеи инсон” номгузорӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев шомгоҳи шанбе зимни табрики фарорасидани соли нави мелодӣ ба мардуми Узбакистон гуфт, вазифаи аслии давлат таҳкими фазои сулҳу оромиш ва тафоҳум байни ақвом дар кишвар аст.

Мирзиёев соли 2016-ро ба унвони 25-умин солгарди истиқлоли Узбакистон, соли таърихӣ хонд, ки дар он ҳамаи қишрҳои мардуми ин кишвар ба хусус варзишкорони узбакистонӣ дар Бозиҳои олимпӣ ва поролмпӣ, муваффақиятҳои бузурге ба даст оварданд.

Вай  гуфт, соли 2017 мелодӣ дар ин кишвар соли “гуфтугӯ бо мардум ва манофеи инсон” номгузорӣ шуда, зеро инсоният муҳиммтарин асл дар зиндагии башар аст.