Вокуниши Созмони Милал ба куштори шиаёни Афғонистон
(last modified Tue, 05 Dec 2023 10:47:25 GMT )
Декабр 05, 2023 15:47 Asia/Dushanbe
  • СММ хостори таҳқиқот, посухгуӣ ва афзоиши ҳимоят аз афроди дар маърази хатар аст
    СММ хостори таҳқиқот, посухгуӣ ва афзоиши ҳимоят аз афроди дар маърази хатар аст

Созмони Милали Муттаҳид бар лузуми таҳқиқ дар бораи афзоиши ҳамалоти террористӣ зидди шиаёну ҳазораҳои Афғонистон таъкид кард.

Дар ҳамалоти террористии ахир зидди уламову шаҳрвандони шиа дар манотиқи мухталифи Афғонистон даҳҳо тан куштаву маҷруҳ шудаанд.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон  рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки моҳи гузашта Афғонистон шоҳиди афзоиши хушунат алайҳи ҷомеаи шиаён дар Кобул, Бағлон ва Ҳирот будааст.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, бо қурбониён ибрози ҳамдардӣ мекунад ва хостори таҳқиқот, посухгуӣ (ба қурбониёни ин ҳамалот) ва афзоиши ҳимоят аз афроди дар маърази хатар аст.

Дар ҳамалоти террористӣ ба намозгузорони аҳли ташайюъ дар Бағлон, минибуси шаҳрӣ дар Кобул ва ҳамалоти ҳадафманд дар шаҳри Ҳирот даҳҳо нафар кушта ё захмӣ шуданд.

Панҷ нафар аз шуҳадои ин ҳамалот дар шаҳри Ҳирот уламои динӣ ва аъзои Шӯрои уламои шиаи Ҳирот буданд.

Шахсиятҳои сиёсии Афғонистон, Вазорати кишвар ва Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон ин ҳамалотро маҳкум карданд.