Декабр 07, 2023 10:52 Asia/Dushanbe
  • Узбекистони бузургтарин фурӯшандаи талло дар ҷаҳон
    Узбекистони бузургтарин фурӯшандаи талло дар ҷаҳон

Узбекистон дар моҳи октябри соли ҷорӣ рутбаи аввали содироти талло дар ҷаҳонро ба худ ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шӯрои ҷаҳонии таллои World Gold Council имрӯз чаҳоршанбе эълом кард ، Узбекистон дар октябри 2023 бо фурӯши 11 тон талло ба бузургтарин фурӯшандаи тиллои ҷаҳони табдил шудааст.

Ба ин тартиб дар ин моҳ Узбекистони нисбат ба Қазоқистон ки рутбаи дувуми содироти таллоро тасоҳуб карда 5 баробар бештар талло фурӯхтааст.

Хариди холиси талло тавассути Бонкҳои марказии ҷаҳон дар моҳи октябр ба 42 тан расид, ки нишондиҳанда коҳиши раванди хариди ин фулуз гаронбаҳо аст.

Ҳаҷми таллои харидорӣ шуда нисбат ба моҳи сентябри 41 дарсад коҳиш ёфта аммо ҳамчунон аз миёнгини 9 моҳаи соли 2023 милодӣ болотар аст.

Харидори аслии ин фулузи гаронбаҳои Чин бо 23 тон аст. Туркия бо хариди 19 тон дар рутбаи дувум қарор дорад. Полша ( 3 тон ) ، Ҳинд ( 3 тон ) ، Чехия ( 2 тон ) ، Қирғизистон ва  Қатар ( ҳар кадоми як тон ) дар рутбаҳои баъди қарор доранд. Бар асоси гузориши Кумитаи омори давлатӣ ، дар моҳи октябри Узбекистон бо 2 . 3 дарсади афзоиши нисбат ба муддати мушобеҳи сол қабл ، як миллиард ва 240 милюн доллари тилло ва дар 10 моҳи гузаштаи шаш миллиард ва 870 милюн доллари тилло содир кардааст .