Ихтилофоти Узбакистон ва Тоҷикистон ба зудӣ ҳал мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i11011-Ихтилофоти_Узбакистон_ва_Тоҷикистон_ба_зудӣ_ҳал_мешавад
Сафари ҳайати Узбакистонро дар таърихи ҳар ду кишвар метавон чун ҳодисаи муҳимтарин баҳогузорӣ кард, гуфт сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 02, 2017 06:34 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофоти Узбакистон ва Тоҷикистон ба зудӣ ҳал мешавад

Сафари ҳайати Узбакистонро дар таърихи ҳар ду кишвар метавон чун ҳодисаи муҳимтарин баҳогузорӣ кард, гуфт сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.

Ба иттилои Sputnik, коршинос оид ба кишварҳои ИДМ дар сӯҳбат бо Sputnik қайд кард, ки на Мирзиёев балки Ислом Каримов ба Тоҷикистон дасти оштӣ дароз кард.

Ба қавли ӯ, бо сафари ҳайати Узбакистон ба Тоҷикистон умедҳои бузург дар пай аст. Баъди иваз шудани роҳбарият дар Узбакистон имову иҳшораҳои зиёде оиди рушди ҳамкорӣ шуда буд, ки онро метавон чун кӯшиши барқарор намудани муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо баҳо дод.

Коршинос бовар дорад, ки дар ояндаи наздик ҷонибҳо масъалаҳои об, раводид ва роҳро ҳал хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе вохурии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва муовини сарвазири Узбакистон Рустам Азимов баргузор гардид.

Дар рафти вохурӣ ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, роҳу нақлиёт, обу энергетикӣ, ҳифзи сарҳад ва фарҳангӣ табодули афкор намуда барои бартарафсозии шарту шароитҳои монеасози рушди робитаҳо дар ин соҳаҳо фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.