Декабр 23, 2023 19:24 Asia/Dushanbe
  • Ройзании сиёсии дипломатҳои Узбекистон ва Қирғизистон

Музокироти Қирғизистон ва Узбекистон дар чорчӯби марҳалаи давраии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратхонаҳои умӯри хориҷаи ду кишвар бо имзои протоколе ба поён расид.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Жээнбек Кулубаев, вазири умӯри хориҷаи Қирғизистон ва Бахтиёр Саидов, вазири умӯри хориҷаи Узбекистон, раёсати ҳайатҳои ду кишварро бар ӯҳда доштанд.

Тарафайн бо ишора ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Қирғизистон ва Узбекистон, бар аҳаммияти сатҳи болои шарокати роҳбурдии ҷомеъ ва равобити сиёсии ду кишвар, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва лузӯми такомули шакли ҳамкориҳои мутақобили сиёсӣ в дипломатӣ таъкид карданд.

Вузарои умӯри хориҷаи Қирғизистон ва Узбекистон ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои тиҷорӣ, густариши фурсатҳои иқтисодӣ ва ҳифзи сатҳи рифоҳи мардуми ду кишвар ройзанӣ карданд.

Ҳамкорӣ дар заминаҳои ҳамлу нақли луҷистик, об, энержӣ, фарҳанг ва тавсеаи пояи қарордодӣ, ҳуқуқӣ дуҷониба ва таъомули консулӣ, аз ҷумла дигар мавзуоте буд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп