Декабр 24, 2023 10:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раиси Ҷумҳурии Узбекистон бар густариши равобит бо ҷаҳон
    Таъкиди раиси Ҷумҳурии Узбекистон бар густариши равобит бо ҷаҳон

Раиси Ҷумҳурии Узбекистон бар густариши равобит бо ҳамаи кишварҳои дур ва наздики ҷаҳон таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шавкат Мирзиёев раиси Ҷумҳурии Узбекистон дар як суханронӣ гуфт дар ҳоли ҳозири оҳанги рушд дар миқёси ҷаҳонӣ ба тавр бесобиқаи боло аст ҳамзамон низоми арзишҳои дерина ва дидгоҳҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ҳоли дигаргунии амиқ аст.

Мирзиёев бо ишора ба вазъияти байналмилали хотирнишон кард мо шоҳиди он ҳастем, ки марокизи қудратманди ҷаҳон, ки қаблан бо дипломатик  ва сиёсат аз аҳдоф ва манофеи худ дифо мекарданд ба масири фишор руёруӣ ва муноқишоти ошкор руйовардаанд.

Раиси Ҷумҳурии Узбекистон изҳор кард мутаъасифонаи таъсири чунин фарояндҳои густарда ва ба шиддат мутаноқизи аз минтақаи Осиё Марказӣ мегузарад дар чунин шароити сахту хатарнок ёфтани масири дурусте ки манофеи миллии Узбекистонро таъмин кунад осон нест.

Барчасп