Декабр 24, 2023 13:36 Asia/Dushanbe
  • Тағири парчами Қирғизистон
    Тағири парчами Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистони қонуни парчами ҷадиди ин кишварро имзо кард.

Парлумони Қирғизистони 20 декабри 2023 лоиҳаи тағйири парчами ин кишварро тасвиб кард.

Мубтакирони ин санад Нурлонбик Шокиев раис ва Авалон Примов намояндаи порлумон Қирғизистон буданд.

Парчами миллии Қирғизистон бо қатъномаи порлумони ин кишвар дар 3 марти 1992 тасвиб шуд ва 5 марти ҳамон сол барои нахустин бор дар болои бинои давлатии ин кишвар қарор гирифт.

Тарроҳони ин ида тағйири шакли партавҳои хуршед руи парчамро ба сурати мустақим пешниҳод карданд онҳо муътақид буданд бисёри аз мардум партавҳои маввоҷро бо гули офтобгардон муртабит медонанд ки маҳсули аслии кишоварзии ин кишвар нест. Дар айниҳол партавҳои мустақим ба гуфтаи намояндагони порлумони Қирғизистон бештар ба ашаъаи хуршед шабоҳат дорад.

Ба гузориши хабаргузории Форс ин қонун пас аз интишори расмӣ дар рузномаи давлатӣ "Erkin-Too" сешанбеи оянда лозимулиҷро хоҳад буд.

Бар асоси ин қонун анвоъи асноди расмии ҳовии тасвири парчами давлатии Қирғизистон то замони инқзо эътибори қонунии худро ҳифз мекунанд.

Рақами худруҳо ва гувоҳиномаҳои сабтиноми худрав бо тасвири парчами миллии ин кишвари ҳам то замоне ки марҷаъи марбути тасмим барои ивази онҳо иттихоз кунад муътабар аст.

Ин дар ҳоле аст ки ибтикориамал барои тағйири парчами Қирғизистон эътирози бархе шаҳрвандони ин кишварро ба дунбол дошт. Мухолифон аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин лоиҳа эътироз карданд ва аз Садир Ҷаборов раиси Ҷумҳурии Қирғизистон хостанд намоди давлатиро тағйир надиҳад.

Барчасп