Декабр 25, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Имзои мувофиқатномаи тиҷорати озоди байни Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиёи+видео
    Имзои мувофиқатномаи тиҷорати озоди байни Эрон ва Иттиҳодияи Авруосиёи+видео

Вазири санъат, маъдан ва тиҷорат ба намояндагӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бо намояндагони Иттиҳодияи Авруосиё мувофиқатномаи тиҷоратии озод имзо кард.

Ба дунболи пайвастани Эрон ба унвони узви доим ба Созмони Ҳамкории Шанхай ва пазириши Эрон ба унвони узви ҷадиди гуруҳи БРИКС аз аввали соли 2024 имзои мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Авруосиё гоми калидии даигари дар ростои рушди мубодилоти тиҷории Эрон бо дигар кишварҳо талаққи мешавад .

Имруз душанбе 25 декабри мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи Авруосиё бо ҳузури вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва мақомоти панҷ кишвари узви ин иттиҳодия имзо шуд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои Беларӯс, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон аъзои Иттиҳодияи Авруосиёи имруз душанбе дар ойини дар шаҳри Санкт-Петербург мувофиқатномаи тиҷорати озод имзо карданд.

Барчасп