Январ 02, 2017 16:50 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 9 нафар дар Қазоқистон бар асари резиши бино

Расонаҳои русӣ аз ҷон бохтани 9 нафар дар Қазоқистон бар асари резиши як бинои панҷтабақаи истиқоматӣ хабар доданд.

Ба гузориши сойти РИА Новости, имдодгарон аз зери оворҳои бинои фурӯрехтаи маскунӣ дар вилояти Карагандаи Қазоқистон, ҷасади 9 нафарро берун оварданд, ки миёни онҳо ҷасади се кӯдак низ ҳаст.

Ба гуфтаи Руслан Иманкулов, яке аз масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирории вазорати дохилии Қазоқистон, ҷасади 3 мард, 3 зан ва 3 кӯдак аз зери овор берун овардашудааст, ки ду кӯдаки мутаваллиди соли 2016 ва як кӯдаки мутаваллиди соли 2010 аст.

Вай гуфт, дар ҳоли ҳозир корҳои имдодрсонӣ ва ҷустуҷӯ идома дорад ва мумкин аст ҷасадҳои бештаре пайдо шавад.

Пеш аз ин, аз марги ду нафар бар асари фурӯрехтани ин сохтмон гузориш шуда буд.

Ин ҳодиса соати 22:40 дақиқаи шаби гузашта дар шаҳраки Шоҳони вилояти Карагандаи Қазоқистон рух дод.

Имдодгарон субҳи имрӯз як марди 23 соларо зинда аз зери овор берун оварданд.

Тибқи бозрасиҳои муқаддамотӣ эҳтимол меравад, ки сабаби ин ҳодиса, инфиҷор дег ё махзани обгармкуни бино бошад.