Август 01, 2016 10:10 Asia/Dushanbe
  • Набуди иродаи сиёсӣ идомаи ихтилоф бар сари об дар Осиёи Марказӣ

Иқтисоддони қирғиз бо интишори матлабе гуфтааст, ки миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва 3 ҷумҳурии масрафкунандаи умдаи оби ду рудхонаи бузурги Аму ва Сир яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳум ва ҳамкорӣ дар мавриди наҳваи баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.

Ба иттилои сайти Акипресс, Токтарбек Астанбеков бо интишори матлабе таҳлилӣ таъкид кардааст, ки миёни кишварҳои болодаст- Тоҷикистон ва Қирғизистон ва 3 ҷумҳурии поиндаст ва масрафкунандаи умдаи оби ду рудхонаи бузурги Аму ва Сир яъне Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон тафоҳум ва ҳамкорӣ дар мавриди наҳваи баҳрагирӣ аз манобеи оби минтақа вуҷуд надорад.

Дар ин матлаб омадааст: Дар даврони Шуравӣ дар и фаслҳои баҳор ва тобистон 3 кишвари поиндаст дар баробари дарёфти оби мавриди ниёзи худ аз садҳои Тоҷикистон  ва Қирғизистон ба ин ду кишвар дар фасли сармо сӯхт ва барқ мунтақил мекарданд, аммо акнун ин навъи муовизаи обу сӯхт миёни ин 5 кишвар вуҷуд надорад.  

Токтарбек Астанбеков меафзояд: Ҳамакнун ду ҷумҳурии кӯҳистонӣ ва болодасти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар фасли сармо аз камбуди барқ, набуди газ ва бензин ва газоил башиддат ранҷ мебаранд.

Вай тасреҳ кардааст: Ин ду кишвар барои захирасозии оби мавриди ниёзи Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар пушти садҳояшон мутаҳаммили зиёнҳои молии фаровон мешаванд ва барои тармим ва нигаҳдории ин махозини об ҳеч пуле дарёфт намекунанд.

Иқтисоддони қирғизи афзуд: Ин дар ҳолест, ки ба таври ҳамзамон бархе аз кишварҳои поиндаст назири Узбакистон башиддат бо идомаи такмили сохти нерӯгоҳҳои ниматамоми Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон мухолифат мекунанд.

Астанбеков таъкид кардааст, ки танҳо роҳҳалли мантиқии ин ихтилоф, тафоҳум ва ҳамкории ин 5 кишвари Осиёи Марказӣ бар асоси манофеи миллатҳои минтақа ва ба дур аз мудохилаи бегонагон аст .

Барчасп