Январ 07, 2024 18:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафирони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия бо муовини вазири хориҷии Узбекистон

Сафирони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Тошканд бо муовини вазири хориҷии Узбекистон дидор ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ карданд.

Бейбут Атамқулов, сафири Қазоқистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Тоҷикистон ва Олег Малгинов,, сафири Русия дар Тошканд бо Раҳматулло Нуримбетов, муовини вазири хориҷии Узбекистон дидор ва масоили тақвияти ҳамкориҳои мутақобилро баррасӣ карданд.

Муовини вазири хориҷии Узбекистон  ва сафири Қазоқистон дар ин дидор чашмандози ҳамкориҳои мутақобил байни ду кишвар дар заминаҳои авлавиятдор ва ҳамчунин барнома ва абъоди созмонии маросимҳои муштараки барномарезӣ шуда барои соли ҷории милодӣ дар қолабҳои дуҷониба ва чандҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нуримбетов ҳамчунин бо сафири Тоҷикистон низ дидор кард.

Тарафайн дар ин дидор чигунагӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дустӣ ва ҳуни ҳамҷаворӣ, мушорикати роҳбурдӣ ва ҳампаймониро мариди баррасӣ қарор доданд.

Барчасп