Талоши Туркия барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Вазири умури хориҷаи Туркия дар сафар ба Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: Мо ба унвони як кишвари бародар алоқаманд ба минтақа, ба тавофуқи марзӣ байни ду кишвар аҳамият медиҳем, зеро гоми бузурге дар тазмини амнияту субот дар Осиё Марказӣ хоҳад буд.
Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия дар Бишкек - пойтахти Қирғизистон, ки дар сафаре расмӣ ба ин кишвар сафар карда буд, мавриди истиқболи Нурланбек Шакиев, раиси порлумон қарор гирифт.
Ин хабарро маркази матбуотии ҳайати раисаи порлумони Қирғизистон гузориш дод.
Бар асоси ин иттилоот, дар дидори Шакиев ва Фидон, афзоиши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байнипорлумонии ду кишвар мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳокон Фидон дар ин нишаст гуфт: Ҳадафи аслии мо тақвияти бародарӣ ва дӯстӣ байни ду миллати бародар аст.
Вазорати умури хориҷаи Туркия эълом кард, Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия, ки ба Қирғизистон сафар кардааст, 10 январ ба Тоҷикистон низ сафар кард.
Ин сафар ба даъвати Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон анҷом мешавад. Дар ин сафар дар бораи мавзӯоти муҳими минтақаиву байналмилалӣ табодули назар хоҳад шуд. Тавсеаи равобит байни Анкараву Душанбе мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт.
Ҳокон Фидон пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, ки қарор аст дар моҳи март тавофуқномае барои расидагӣ ба ихтилофоти марзии дерина байни Тоҷикистону Қирғизистон имзо шавад.
Ҳокон Фидон тайи нишасте дар Душанбе гуфт: Мо ба унвони як кишвари бародари алоқаманд ба минтақа, ба тавофуқи марзӣ аҳамият медиҳем, ки гоми бузурге дар таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.