Сафари сафири Эрон дар Афғонистон ба Покистон
(last modified Mon, 15 Jan 2024 13:09:54 GMT )
Январ 15, 2024 18:09 Asia/Dushanbe
  • Сафари сафири Эрон дар Афғонистон ба Покистон
    Сафари сафири Эрон дар Афғонистон ба Покистон

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон барои дидор ва ройзани бо мақомоти покистонӣ ба Исломобод сафар кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Козимии Қумӣ намояндаи вижаи раиси ҷумҳур ва сафири Эрон дар Афғонистон қарораст дар сафари ду руза ба Покистон бо мақомоти ин кишвар аз ҷумла Ҷалил Аббоси Гелонӣ вазири умури хориҷа ва Осиф Дурронӣ намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон дар бораи масоили мухталиф аз ҷумла ҳамкориҳои минтақави ва таҳаввулоти муҳими амниятии минтақа бавижа вазъияти Афғонистон табодули назар кунад.

Дидор бо раиси созмони иттилооти артиши Покистон аз дигари барномаҳои сафари сафири Эрон дар Афғонистон ба Исломободи эълом шудааст.

Рузномаи покистонӣ "Экспрес трибюн" бо ишора ба сафари намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Исломобод ройзаниҳои дуҷониба бо меҳварияти Афғонистонро ҳоиз аҳамият донист.

Ба навиштаи ин рузнома Эрон ва Покистон дар солҳои ахир дар бораи масоили Афғонистон ба ҳамгаройи қобили таваҷҷуҳи расидаанд.

Дар гузориш "Экспрс трибюн" омадааст паноҳндагони Афғонистон аз ҷумла масоили аст ки Теҳрон ва Исломобод дар бораи он ҳам назар ҳастанд ва ҳарду кишвар мизбони миллионҳо паноҳандаи афғонистонӣ дар чанд даҳаи гузашта ҳастанд.

Осиф Дурронӣ намояндаи вижаи Покистон дар умури Афғонистон соли 2023 бо ҳадафи ройзаниҳои дуҷониба ва минтақаӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба вижаи баррасии таҳаввулоти Афғонистон ба Теҳрон сафар карда буд.