Январ 21, 2024 21:42 Asia/Dushanbe
  • Даргирии марзӣ байни Толибони Афғонистон бо неруҳои марзии Покистон
    Даргирии марзӣ байни Толибони Афғонистон бо неруҳои марзии Покистон

Неруҳои марзбонии Покистон ва неруҳои Толибони Афғонистон дар минтақаи марзии ду кишвар бо якдигар даргир шуданд.

Афғонистону Покистон дорои ихтилофоти марзӣ ҳастанд ва ҳамвора неруҳои ду кишвар бо якдигар даргирӣ мекунанд, ки ин даргирии марзӣ муҷиби баста шудани гузаргоҳҳои марзии ду кишвар мешавад.

Дар ҳамин ҳол Исломобод ҳамвора Афғонистонро муттаҳам ба паноҳ додани террористҳои Таҳрики Толибон Покистон мекунад ва мегӯяд, ки ин террористҳо аз хоки Афғонистон зидди неруҳои Покистон амалиёт мекунанд. Аммо Толибони Афғонистон ин иддаоро рад кардааст.

Дар ҳамин росто, ба гузориши хабаргузории “Садои афғон” даргирии марзӣ байни Покистону Афғонистон субҳи рӯзи шанбе дар минтақаи Ганҷгули шаҳристони Сарконуи вилояти Кунар, шарқи Афғонистон бо Ҷаври Покистон оғоз шудааст.

Ба гуфта манобеи афғон, тирандозӣ ибтидо аз сӯи неруҳои марзии Покистон оғоз шуд ва сипас неруҳои Толибон ба он посух доданд.

Ин даргирӣ замоне рух дода ки тарафи покистонӣ дар ҳоли таъмири ҳисори марзӣ будааст.

Аз талафоти эҳтимолии ин даргирии марзӣ ҳанӯз гузорише дарёфт нашудааст.

 

 

 

 

Барчасп