Лағви раводиди Узбекистон ва Иморот
(last modified Mon, 22 Jan 2024 12:54:24 GMT )
Январ 22, 2024 17:54 Asia/Dushanbe
  • Лағви раводиди Узбекистон ва Иморот
    Лағви раводиди Узбекистон ва Иморот

Муовини вазири хориҷаи Иморот ва сафири Ҷумҳурии Узбекистон ёддошти тавофуқномаи лағви раводиди мутақобилро ба имзои расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Холид Абдуллоҳи Балҳул муовини вазири хориҷаи Иморот ва Абдулазиз Акулов сафири Ҷумҳурии Узбекистони ёддошти тавофуқномаи лағви раводиди мутақобилро ба имзои расонданд.

Бар ин асос шаҳрвандони иморотӣ бо гузарномаҳои диплумотик, маъмуриятӣ ва оди метавонанд барои як давраи ҳаддиаксари 30 рузаи вориди Узбекистон шаванд.

Шаҳрвандони узбекистонӣ низ бо гузарномаи вижаи биюметрик барои сафар ба Иморот ва ҳаддиаксари 30 рузи иқомат дар ҳар вуруд муъоф аз дарёфт визо ҳастанд. Ин санад аз таърихи 16 феврали соли 2024 милодӣ лозимулиҷро хоҳад шуд.