Эрон ва Русия дар остонаи имзои тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдӣ
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i111206-Эрон_ва_Русия_дар_остонаи_имзои_тавофуқномаи_ҷомеъи_роҳбурдӣ
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар лаҳзаи вуруд ба Маскав эълом кард, Эрон ва Русия дар остонаи як мушорикату имзои тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдӣ ҳастанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 24, 2024 10:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Русия дар остонаи имзои тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдӣ

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар лаҳзаи вуруд ба Маскав эълом кард, Эрон ва Русия дар остонаи як мушорикату имзои тавофуқномаи ҷомеъи роҳбурдӣ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Алиакбари Аҳмадиён, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба даъвати расмии Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия ба Маскав сафар кардааст, бомдоди имрӯз (чаҳоршанбе) эълом кард, дар музокироти имрӯз бо ҳамтои худ дар бораи масоили дуҷониба, аз ҷумла тавофуқномаи ҷомеъи ҳамкории ду кишвар ва низ мавзӯи Ғазза бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ хоҳад кард.

Алиакбари Аҳмадиён

Алиакбари Аҳмадиён ҳамунин изҳор дошт, Ҷумҳурии Исломии Эрону Русия ба унвони ду кишвари бузурги минтақа, тайи солҳои гузашта ҳамвора ройзаниҳои муштараке доштаанд.