филм / Нишасте барои суботи Афғонистон
(last modified Tue, 30 Jan 2024 09:26:13 GMT )
Январ 30, 2024 14:26 Asia/Dushanbe

Кобул, мизбони нишасти гурӯҳи байналмиллалии тамос бо пешниҳоди Эрон барои расидани мардуми Афғонистон ба субот буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Кобул мизбони муҳимтарин нишасти минтақаӣ ва байналмиллалӣ дар дувуним соли ахир буд, нишасти гурӯҳи байналмиллалии тамос, ки бо пешниҳоди Эрон барои расидан ба Афғонистони босубот барои мардумаш шакл гирифта буд. Дар ин нишаст Ҳасани Козимии Қумӣ-намояндаи вежаи раиси ҷумҳури Эрон дар умури Афғонистон низ ба ҳамроҳи намояндагони вежаи Чин ва Русия ҳузур дошт.

 Козимии Қумӣ дар ин нишаст гуфт: Кишварҳои ҳамсоя ва минтақа метавонанд нақши муҳимме дар суботи Афғонистон дошта бошанд. Амирхон Муттақӣ-сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ҳам бо таъкид бар ҳамкориҳои минтақаӣ гуфт: Барои ҳалли мушкили Афғонистон бояд ба думболи нусхаҳои бумӣ барои ин кишвар буд.