Январ 04, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон раёсати сандуқи наҷоти Аралро бар уҳда гирифт

Раиси ҷумҳурии Туркманистон бо судури ҳукме бо тарҳи пазириши раёсати давраии сандуқи байналмилалии наҷоти баҳри Арал мувофиқат кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, раиси ҷумҳурии Туркманистон бо судури ҳукме бо тарҳи пазириши раёсати давраии сандуқи байналмилалии наҷоти баҳри Арал мувофиқат кард.

Бар ин асос Ашқобод дар соли 2017 раёсати давраии сандуқи байналмилалии наҷоти баҳри Аралро то соли 2019 бар уҳда хоҳад дошт.

Туркманистон дар ин муддат бо иқдомоти муштараки кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал дар заминаи ҳифозат аз муҳити зист ҳамоҳангии лозимро анҷом додааст ва ҳамоишҳои марбут ба ин бахшро мизбонӣ хоҳад кард.

Баҳри Арал аз даҳаи 1960 дар маърази хатар будааст.

Дар он замон, Шуравии собиқ масири ду рӯдхонаи муҳиммро, ки ба ин Баҳр обрасонӣ мекард, барои истифода аз онҳо дар умури кишоварзӣ тағйир дод.

Дар ин муддат баҳри Арал беш аз ними аз оби худро аз даст додааст.

Дар 40 то 50 соли охир, сатҳи оби Арал беш аз 25 метр коҳиш ёфта ва масоҳати ин ҳавзаи обӣ тақрибан ба як чаҳорум расидааст.