Феврал 12, 2024 19:12 Asia/Dushanbe
  • Табрики сифорати Эрон дар Тоҷикистон ба бонувони миллипуши футзал
    Табрики сифорати Эрон дар Тоҷикистон ба бонувони миллипуши футзал

Сифорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе пирузии тими миллии футзали бонувони бузургсоли Эрон дар мусобиқоти байналмилалии футзали бонувони Осиёи Марказиро табрик гуфт.

Сифорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон қаҳрамонии тими миллии футзали бонувони бузургсоли Эрон дар мусобиқоти байналмилии футзали бонувони Осиёи Марказӣ "КАФА"-ро ба ҳамватанони гироми табрик ва шодбош гуфт.

Тими футзали бонувони Эрон дар ин давра аз мусобиқот тавонист ба тартиб тимҳои Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистонро шикаст диҳад ва барои севуминбори пай дар пай ба мақоми қаҳрамонӣ даст ёбад.

Бояд гуфтани аст ки бозикунон ва мурабёни тими футзали бонувони эронӣ дишаб дар зиёфати шом Алиризо Ҳақиқиён сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ки дар маҳали сифорат баргузор шуд ширкат карданд.

Дар ин зиёфати сафир зимни табрики рузи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз намоиши дурахшони бозикунони тими миллӣ тақдир кард ва барои ишон орзуи муваффақияти рузафзун намуд.