Март 03, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии даҳҳо паҳподи Украина бар фарози нимҷазираи Қрим

Вазорати дифои Русия аз раҳгирӣ ва сарнигунии чанд паҳподи Украина бар фарози нимҷазираи Қрим хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе бо интишори баёнияе эълом кард, ки падофанди ҳавоии артиши ин кишвар, 38 паҳподи муҳоҷими артиши Украинаро бар фарози минтақаи нимҷазираи Қрим раҳгирӣ ва мунҳадим кардааст.

Нимҷазираи Қрим аз замони оғози ҷанг дар Украина дар 24 феврали 2022 чанд бор мавриди ҳамлаи нерӯҳои украинӣ қарор гирифтааст, ки ба гуфтаи мақомоти рус, бештари ин ҳамалот тавассути падофанди Русия дафъ шудааст.

Маскав, нимҷазираи Қримро бахше аз хоки Русия медонад ва эълом кардааст, аз ҳамаи абзорҳо шомили силоҳи атомӣ барои ҳифозат аз тамомияти арзии худ истифода мекунад.

 

Барчасп