Бадрафтории полиси Русия бо модар ва кӯдаки муҳоҷири узбак
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i11308-Бадрафтории_полиси_Русия_бо_модар_ва_кӯдаки_муҳоҷири_узбак
Манобеи хабарӣ аз бадрафтории мақомоти интизомӣ ва беҳдоштии Русия бо як модару кӯдаки муҳоҷир хабар доданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 06, 2017 16:42 Asia/Dushanbe

Манобеи хабарӣ аз бадрафтории мақомоти интизомӣ ва беҳдоштии Русия бо як модару кӯдаки муҳоҷир хабар доданд.

Ба гузориши сомонаҳои хабарии Русия, Нилуфар Муҳаммадсаидова, шаҳрванди узбакистонӣ, ки аз соли 2014 барои кор ба Русия муҳоҷират кардааст, дар пайи дуздида шудани амволи хонааш дар шаҳри Кунсевои Маскав дар 23-юми декабр, полиси маҳаллиро аз сирқати амвол ва мадорики ҳуввиятии худ ва духтари хурдсолаш огоҳ карда, аммо бо вокуниши ғайриинсонии полис рӯбарӯ шудааст.

 Полиси маҳаллӣ дар пайи шикояти ин шаҳрванди узбакистонӣ, вайро боздошт кард ва фарзандашро ба иллати надоштани мадраки шиносоӣ ба як маркази беҳдоштӣ таҳвил дод.

 Агарчӣ мақомоти интизомии Русия бо фишори маҳофили ҳуқуқӣ Нилуфар Муҳаммадсаидоваро аз боздоштгоҳ озод кардаанд, аммо бо гузашти беш аз 10 -рӯз аз бозгардонидани кӯдакаш худдорӣ мекунанд.

Манобеи хабарӣ ва ҳуқуқи башарии Русия аз моҷарои Нилуфар Муҳаммадсаидова ва кӯдакаш ба унвони моҷарои "Умаралӣ Назаров-2" ёд мекунанд.

 Дар ҳодисаи мушобеҳе дар моҳи октябри соли 2015 низ мақомоти полиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия, Умаралӣ Назарови навзоди тоҷикистониро аз модараш ҷудо карданд, ки дар пайи он ин навзоди 8 моҳаи тоҷик ҷони худро аз даст дод.

Ин моҷаро бо вокунишҳои давлати Тоҷикистон ва эътирозоти созмонҳои муҳоҷирони корӣ ва маҳофили ҳуқуқи башарӣ мувоҷеҳ шуд, аммо ҳанӯз омилони он муҷозот нашудаанд.