Тафсир: Музокироти дуҷонибаи сулҳи Бокӯ ва Ереван дар Алмаато
(last modified Sat, 11 May 2024 06:20:20 GMT )
Май 11, 2024 11:20 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Музокироти дуҷонибаи сулҳи Бокӯ ва Ереван дар Алмаато
    Тафсир: Музокироти дуҷонибаи сулҳи Бокӯ ва Ереван дар Алмаато

Даври дигари гуфтугӯҳои дуҷонибаи сулҳи Бокӯ ва Ереван аз рӯзи даҳуми моҳи май дар Алмаатои Қазоқистон оғоз ба кор кард .

Дар ин нишасти ду рӯза , вазирони умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон , гуфтугӯҳои мутақобилро  дар заминаи тавофуқномаи ниҳоии сулҳ дар дастури кор қарор хоҳанд дод .

Дар ҳамин иртибот , Вазорати умӯри хориҷаи Қазоқистон бо интишори баёнияе , эълом кард : “ Ҷайҳун Бойромов “ вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва “ Арарат Мирзоян “ ҳамтои арманистонии вай , вориди хонаи дӯсти алмаатоӣ шудаанд. 

Руасои дастгоҳҳои дипломасии Бокӯ ва Ереван , ҳамчунин дар суханоне зимни ташаккур аз тарафи қазоқистонӣ барои фароҳам кардани бистари музокироти ду ҷониба ва сатҳи болои созмондеҳии ин рӯйдод , музокироти мутақобилро оғоз кардаанд.

Чандин нуктаи қобили тааммул дар иртибот бо музокироти ҷории сулҳи Қарабоғ вуҷӯд дорад . Нахустин ва муҳимтарин мавзӯъ , талоши раҳбарони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ба манзури ҳазфи Русия аз раванди гуфтугӯҳои сулҳи Қарабоғ аст .

Давлати Илҳоми Алиев аз ду соли пеш ба манзури ҳазфи Русия талошҳои фаръии мутаъаддидиро дар дастури кор қарор дода буд . Ба унвони мисол , мақомҳои Бокӯ ба вижа шахси Илҳоми Алиев раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон мудом таъкид мекарданд ки пас аз итмоми қарордоди истиқрори нерӯҳои сулҳибони Русия дар минтақа дар соли 2025 милодӣ , мақомҳои Бокӯ тамоюле ба тамдиди қарордод бо Русия надоранд . Дар муқобил , ба манзури истиқрори нерӯҳои низомии Туркия дар минтақа ҳамаи талоши худро ба кор хоҳанд гирифт . Дар ин замина ҳатто мавзӯъи тағйири қонуни асосии Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар дастури кори қарор гирифтааст . Дар ин раванди чунин ба назар мерасад ки раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон дар талош аст ибтидои тавофуқномаи ниҳои сулҳ бо Арманистонро ба натиҷа бирасонад ва сипас барои тағйири қонуни асосӣ ва истиқрори неруҳои низомии Туркия ё дигар аъзои Созмони Паймони Атлантики шимолӣ ( НАТО ) дар арозии Ҷумҳурии Озарбойҷон иқдом кунад . Дар ҳақиқат , талоши давлати Бокӯ костан аз теъдоди душманони сиёсатҳои ғарбгароёнаҳи шахси Илҳоми Алиев дар шимол Арас аст .

Дар муқобил , нахуствазири Арманистон низ сиёсати мушобеҳӣ дар заминаи муқобила бо истиқрори нерӯҳои сулҳбони Русия дар арозии ин кишвар дар пеш гирифтааст . Ба иборати дигар , ҳам раҳбарони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳам раҳбарони Арманистон дар талош ҳастанд то ба ҳузури низомии Русия дар Қафқози Ҷанӯбӣ поён диҳанд . Ҳар ду кишвар ба манзури истиқрори нерӯҳои НАТО дар минтақа тамоюл доранд ва талоши музоъафӣ ба кор гирифтаанд то Русияро аз минтақаи Қафқози Ҷанӯбӣ ихроҷ кунанд .

Дар ин замина , коршиносони вобаста ба давлатҳои Бокӯ ва Ереван дидгоҳҳои равшаниро иброз доштаанд . Ба унвони мисол , “ Алхон Шоҳин Уғлӯ “ таҳлилгари сиёсии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Озарбойҷон , таъкид кардааст : “ Тавофуқи ахири байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ва таъйини чорчӯби марзҳои муштарак , бархилофи манофе Русия аст . Зеро тавофуқоти байни Бокӯ ва Ереван хориҷ аз кантроли Русия ва аз тариқи музокироти мустақими дуҷониба ба даст меояд “ .

Дар ҳамин замина метавон ба баёнияи раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ишора кард ки дар он баёния , таъкид кардааст ки Бокӯ ва Ереван ниёзе ба миёнҷӣ надоранд . Дар воқеъ , баёнияи ҳафтаи гузаштаи раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон таъкиди ҷиддӣ бар ақаб рондани Русия ва ҳазфи ин кишвар аз ҷараёни миёнҷигарӣ бар сари сулҳи Қарабоғ аст .

“Шоҳон Гонтҳориён “ коршиноси байналмилалии Арманистон низ дар гуфтугӯ бо расонаҳои Ереван , гуфтааст : “ Илҳом Алиев бо худаш таноқуз дорад . Дар як муносибат ӯ дар мавриди иҷрои тавофуқи се ҷонибаи моҳи ноябр суҳбат мекунад ва дар фурсатӣ дигар , дар мавриди тартиботи дуҷонибаи ҷадиди изҳориназр менамояд . Ман фикр мекунам ки ҳадаф аз эҷоди қолаби дуҷониба сирфан “ ба манзури барканории Русия аз раванди музокироти сулҳи Қарабоғ дар дастур кор қарор гирифтааст “ дар ин замина ҳатто метавон ба машварати сарони Бокӯ ва Ереван бо сарони НАТО дар нишасти пешини ду кишвар ишора кард .

Ногуфта намонад ки ки “ Ҷайҳун Бойромов “ ва “ Арарат Мирзоян “ вазирони умӯри хориҷаи дукишвари ҳамсоя ва мутахосим , охирин дидори худро дар рӯзҳои 28 ва 29 моҳи феврали соли ҷории милодӣ дар Берлин пойтахти Олмон баргузор карданд . Бо вуҷӯди ин , ба назар мерасад нигоҳи раҳбарони Бокӯ ва Ереван дар заминаи ҳазфи Русия то ҳудӯди зиёде мутафовит бошад .

Дар ҳақиқат , бар асоси як тавофуқномаи низомии 55 сола , Русия дар Арманистон неруии низомӣ мустақар карда аст . Дар айни ҳол , бояд гуфт : Дар шароите. ки бахши аъзими афкори умумии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти  таъсири расонаҳои вобаста ба саҳюнизми байналмилал ва ҷараёни хатарноки туркгароӣ , ба шиддат мавозиъи зиддӣ русӣ доранд , дар Арманистон аксари аҳзоби мухолифи давлати Пашинён ва ҳатто Калисо ва раҳбарони динӣ барои густариши робита бо Русия авлавият қоил ҳастанд .