Вогузории қаламравҳои Украина ба Русия; Бозии ҷадиди Амрико бо шиори сулҳ
Порс Тудей - Барномаи ниҳоии музокиракунандаи аршади Амрико дар бораи Украина шомили вогузории қаламравҳои зиёде ба Русия ва ироа накардани тазминҳои амниятӣ ба Киев аст, барномае, ки қоъидатан ҳазми он барои Украина душвор хоҳад буд.
Кашмакаши барномаҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҷиҳати поён додан ба ҷанги Украина ҳамчунон идома дорад ва ин дар ҳоле аст, ки Русия ба дастовардҳои низомии бузурге дар майдони набард даст пайдо карда ва Украина ҳам дар айни ҳол тақалло(кӯшиш) мекунад то мутолибот ва иддаоҳои такрории худро, ки чандон барои Вашингтон хушоянд нестанд, такрор кунад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории ИСНА, рӯзномаи Вашингтон Пост бо ишора ба барномаҳои давлати Амрико дар бораи поёни ҷанг дар Украина навишт: Барномаи Steve Witkoff, фиристодаи вижаи раёсатҷумҳурии Амрико ҷиҳати хотимаи ҷанги Украина ба мақомоти аврупоӣ дар Порис ироа шуд ва ин барномаҳо шомили вогузории бисёре аз қаламравҳои украинӣ ба Русия ва ҳамчунин набуди тазминҳои амниятӣ ба Украина аст.
Ба навиштаи Вашингтон Пост, Witkoff мақомоти аврупоӣ ва Украинаро дар ҷараёни чорчӯбе, ки тайи дидораш бо раисиҷумҳурии Русия тарсим карда, гузоштааст, аммо ин масаъла шомили вогузоии бисёре аз қаламравҳои украинӣ ба Русия ва набуд тазминҳои амниятӣ ба Украина аст, ки кишвари Украина ва мақомоти аврупоӣ онро рад кардаанд.
Бар асоси ин гузориш, ҳазми барномаи кунунии Witkoff барои Зеленский, раисиҷумҳурии Украина душвор хоҳад буд, зеро эҳтимолан ин барномаи шомили кумакҳо ва тазминҳои амниятӣ аз сӯи Амрико нахоҳад шуд ва Украина сирфан бо кумакҳои Аврупо танҳо хоҳад монд.
Вашингтон Пост ба тарси мақомоти аврупоӣ дар қиболи қудрати низомии Русия низ ишора мекунад ва ба нақл аз ҳамин мақомот менависад: Мақомоти аврупоӣ гуфтаанд, ки бидуни кумаки Амрико, кумакҳои низомӣ ва иттилоотии онҳо ҷиҳати муҳофизат аз Украина кофӣ нахоҳад буд, зеро аврупоиҳо неруҳои кофӣ ё таслеҳотии модерн барои ҷилавгирии ҳамалоти Русияро надоранд.
Доналд Трамп, раисиҷумҳурӣ ва Марко Рубио, вазири умури хориҷаи Амрико ба тозагӣ гуфтаанд, ки агар ба зудӣ пешрафти чашмгире ҳосил нашавад, Амрико мумкин аст, талошҳо барои миёнҷигарӣ миёни Русия ва Украинаро раҳо кунад.
Русия эълом кардааст, ки барои расидан ба сулҳи пойдор, Украина бояд аз иддаоҳои арзии худ сарфи назар кунад ва нерӯҳояшро аз бахшҳое аз манотиқи таҳти кантроли русҳо, хориҷ кунад.
Маскав эълом кардааст, ки ҳаргуна тавофуқи оянда бояд ба “решаҳои аслӣ” даргирӣ байни Русия ва Украина бипардозад. Кремл аз ҷумла ба густариши НАТО ба самти шарқ ва барномаҳои Украина барои пайвастан ба ин эътилоф, ба унвони далоили аслии оғози ҷанг ишора дорад.