Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Федератсияҳои тенниси Эрон, Узбакистон ва Қазоқистон
Ду тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Федератсияҳои тенниси Эрон, Қазоқистон ва Узбакистон дар идомаи сафари раиси Федератсияи тенниси Эрон ба Қазоқистон ба сурати ҷудогона ба имзо расид.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Довуд Азизӣ-раиси федератсияи тенниси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ҳузур дар нишасти мушовирони тавсеаи тенниси Осиё ба Қазоқистон сафар карда дар дидорҳои ҷудогона бо раисони Федератсияҳои тенниси Қазоқистон ва Узбакистон дидор ва тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кард.
Таваҷҷуҳ ба бахши истеъдодёбӣ, судури картаи касбӣ дар рақобатҳои тури ҷаҳонӣ ва Ҷуниор, танзими тақвими мусобиқот ва имкони ҳузури варзишкорони се кишвар дар мусобиқоти якдигар, истифода аз зарфиятҳои доварӣ, муррабиён ва табодули барномаҳои омӯзишӣ ва иҷрои барномаҳои мухталиф бо таъкид бар тавсеаи теннис аз ҷумла мавориде аст, ки дар ин тафоҳумномаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Раиси Федератсияи тенниси Эрон ҳамчунин бо ҳузур дар кампҳои байналмилалии теннис ва маркази миллии ин ришта дар Қазоқистон, аз наздик дар ҷараёни раванди фаъолиятҳои марбута қарор гирифт ва муқаррар шуд се кишвар, имкони истифода аз зарфиятҳои якдигарро дошта бошанд.