Адои эҳтиром ба раиси ҷумҳури шаҳид дар Кобул
Май 23, 2024 19:54 Asia/Dushanbe
Шахсиятҳо ва мақомоти Афғонистон ба ҳамроҳи намояндагон ва сафирони хориҷӣ бо ҳузур дар сафорати Эрон дар Кобул бо мардум ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд. Онҳо хитоб ба мардуми Эрон мегӯянд: Мо дар канори Шумо ҳастем.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, масъулони баландпояи ҳукумати сарпарасти Афғонистон зимни ҳамдардӣ бо давлат ва миллати Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар тақвияти муносиботи дуҷониба таъкид карданд.
Онон ҳамчунин эълом карданд: Мардуми Афғонистон дар ин ғаму андӯҳ бо давлат ва миллати Эрон шарик ҳастанд ва худро дар канори миллати Эрон медонанд.
Барчасп