Маросими имзои асноди ҳамкории ҷадид байни Тоҷикистону Чин
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i115798-Маросими_имзои_асноди_ҳамкории_ҷадид_байни_Тоҷикистону_Чин
Пас аз дидору музокирот байни раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин, маросими имзо ва табодули асноди ҷадиди ҳамкорӣ дар Кохи Миллат баргузор шуд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Июл 06, 2024 19:30 Asia/Dushanbe
  • Маросими имзои асноди ҳамкории ҷадид байни Тоҷикистону Чин

Пас аз дидору музокирот байни раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин, маросими имзо ва табодули асноди ҷадиди ҳамкорӣ дар Кохи Миллат баргузор шуд.

Ба гузориши Ховар, ибтидо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, сарони ду кишвар баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавриди таъмиқи бештари равобити роҳбурдии ҳамаҷониба дар марҳалаи ҷадидро имзо карданд. Дар маҷмӯъ 29 санади муҳими танзимкунандаи равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф бо ҳузури сарони кишварҳо имзо шуд.

Пас аз маросими имзои аснод, Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар нишасти хабарӣ, натоиҷи дидору музокироти Тоҷикистону Чинро хуб ва муассир арзёбӣ карданд.